Ҳамагӣ 8%-и хонаводаҳои пурсидашуда аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз ҳаёт “норозианд”.

Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) қайд мешавад, дар доираи таҳқиқоти “Гӯш додан ба Тоҷикистон” ҳар моҳ беш аз 1,4 ҳазор хонавода иштирок мекунанд.

Бо вуҷуди ин, қайд мешавад дар хабар, нисбат ба соли гузашта соли 2019 бештари тоҷикистониён худро камбизоат мешуморанд.

Гуфта мешавад, қаноатмандӣ аз хизматрасониҳои таъмини барқ дар сатҳи паст боқӣ монда, ба хонаводаҳои камбизоат хавфи баланди нимсерӣ таҳдид мекунад.

“Тағйирёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба мавҷудияти ҷойҳои корӣ ва интиқоли пул вобаста аст, ки ҳар ду омили зикршуда қатъиян хусусияти мавсимӣ доранд”, - таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти дипломатҳои русиягӣ, соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик наздики 3 млрд долларро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба беш аз 36%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Наздики 77%-и даромади аҳолии Тоҷикистон давоми солҳои 2008-2018 аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба даст омадааст.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии даромади аҳолии кишвар тӯли ин солҳо 39,6 млрд. доллар ва ҳаҷми умумии интиқоли пул – 30,4 млрд. долларро ташкил додааст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.