Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба намунаҳои литсензионии электронии маҷаллаҳои маъруф дастрасӣ мекушояд. Дар портали нави “Mega Pressa” метавон чунин нашрияҳоро ба монанди “Men’s Health”, “Vogue”, “Elle”, “Forbes” ва дигарҳоро мутолиа намуд. Арзиши хизматрасонӣ – 0,70 сомонӣ дар як шабонарӯз.

“Портали нав аз он ҷиҳат қулай аст, ки бисёри нашрияҳои ҷаҳониро дар як ҷой ҷамъ овардааст. Зарурат ба гузариш аз сомона ба сомона ё пардохти ҳаққи дастрасӣ ба маҷаллаҳои мухталиф вуҷуд надорад.  Ин имконият махсусан ба онҳое писанд меояд, ки мехоҳанд бо шумораҳои тозатарини нашрияҳои дӯстдошта маҳз ҳамон вақте, ки онҳо дар намунаи чопӣ ба табъ мерасанд, шинос гарданд – махфӣ нест, ки намунаҳои электронӣ барои дастрасии ройгон танҳо пас аз якчанд моҳ гузошта мешаванд”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед Бобоалиев.  

Нашрияҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба муштариёни оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ дар портали megapressa.tj барои хониш дар реҷаи онлайн бе имконияти боргирӣ дастрас мебошанд. Ҳангоми истифодаи хизматрасонӣ трафики интернет нархгузорӣ нашуда, аз бастаҳои қаблан фаъолнамудаи муштарӣ сарф карда намешавад. 

Барои обунашавӣ ба портал бояд USSD-дархост ба рақами *4021# ирсол карда шавад, пас аз ин ба муштарӣ SMS-паёмак бо маълумот оид ба ҳолати обуна, ва инчунин логин ва парол барои дастрасӣ ба портал ирсол карда мешаванд. Барои қатънамоии хизматрасонӣ бояд дархости *4021*0# ё SMS бо матни “Стоп 1” ба рақами 4021 ирсол карда шавад.