АНОНС

- Мураббӣ дар соҳаи тиҷорат, омӯзгори барномаҳои МВА AlmaU Лайло Узоқова ба машғулияти «Waterfall vs. Agile: Идоракунии лоиҳаҳо ва рақамисозӣ” даъват мекунад. Машғулият дар “Душанбе Плаза” баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00. Чиптаҳоро бо рақами телефони 981 981 981 ва 988215005 дарёфт кардан мумкин аст. 


- Дар Театри опера ва балет барномаҳои солинавӣ бо иштироки Бобои Барфӣ, Барфак, Хирсак Микки ва Мини «Терем-Теремок» идома доранд. Оғози намоишҳо соати 10.00 ва 11.30.

- Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими “Қӯқанд-1912”-и Ӯзбекистон бозии санҷишӣ мегузаронад. Вохӯрӣ дар шаҳри Гулистон доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6962 сомонӣ;

1 евро – 10.7899 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1555 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1839 — Рӯзи ихтирои акс (фотография).

1940 — Таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.

1986 — Аввалин парвози ҳавопаймои боркаши Ан – 124 («Руслан»).

2002 — Осеб дидани се маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи Роғун бар асари заминларза. Офати табиӣ ҷони 3 нафарро рабуда, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.

2009 — Равияи динии «Салафия» дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шуд.

2012 — Тоҷикистон ва Эрон 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоро ҷашн гирифтанд.

1927 — Зодрӯзи доктори улуми ҷуғрофӣ Қандил Ҷӯраев, собиқ ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ), раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

251 сол пеш дар Русия аввалин пулҳои коғазӣ – ассигнатсияҳо ба муомилот бароварда шуданд.


Дар ин рӯзи соли 1951 бинои қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк расман боз гардид.


ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 11-16° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 12-17° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 24-29° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 31-36 хунук, (дар мавзеи Булункул то 43-45 хунук), рӯзона 9-14° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 8-13° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3-5° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 13-15° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.