Ахиран аксари сокинони Душанберо бемории сироятӣ аз пой афтонд. Аз рӯйи аломатҳо ин беморӣ ба зуком (грипп) монанд аст, лекин дар бисёр ҳолатҳо ҳарорати одам баланд нашуда, бинӣ ҳам сероб намешавад.
“Ҳозир мавсими сирояти шадиди вируси роҳҳои нафас, аз ҷумла, зуком аст. Табиист, ки ин гуна бемориҳо аз серобшавии бинӣ, сулфа, заифӣ ва дардҳои тамоми ҷисм оғоз мешаванд. Ин аломатҳои возеҳи бемории вирусӣ мебошад. Дар мо ин “мавсими беморӣ” моҳи сентябр оғоз шуда, то моҳи апрел идома меёбад”, - иброз дошт ба “Азия-Плюс” сардухтури беморхонаи сироятии пойтахт Мунира Каримова.
Ба гуфтаи сардухтур, сирояте, ки имрӯзҳо дар шаҳр “сайругашт дорад”, зукоми оддист. “Чунин ҳолатҳое мешавад, ки шахс ҳарорати баланд надораду бинӣ ҳам сероб нест. Хоболудӣ аломати олудашавии бадан мебошад. Ҳамаи ин мавсимист”, - итминон медиҳад Мунира Каримова.
Баъзе беморон бо ҳарорати баланди бадан қай мекунанд, ки барои зуком ғайримаъмулист.
“Бархе аз волидон иштибоҳан чунин мешуморанд, ки ҳароратро бе ҳароратсанҷ (термометр) бо даст метавон муайян кард. Аз аломатҳо онҳо танҳо хунукии нӯги дастону пойҳоро қайд мекунанд. Гап сари он аст, ки сардии нӯгҳои дасту пой бо ҳарорати баланд аввалин аломати рагкашӣ аст. Аз ин рӯ, ҳароратро танҳо бо ҳароратсанҷ муайян кардан лозим аст, чунки дар муқоиса бо санҷидани даст он хеле баландтар буда метавонад”, - шарҳ дод сардухтур.
Мунира Каримова мегӯяд, роҳи асосии пешгирии беморӣ машғул шудан ба варзиш, сайругашт дар ҳавои тоза ва истеъмоли меваи тару тоза мебошад.
Агар касе аз аҳли оила аллакай ба беморӣ гирифтор шуда бошад, риояи гигиенаи шахсӣ (пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, истифодаи дастпокчаҳо (салфеткаҳо)-и якдафъаина ва ғайра) ҳатмӣ буда, ҳамчунин нӯшидани оби бисёр ва истеъмоли меваҳои дорои витамини С тавсия дода мешавад.
Донистан муҳим аст: дар сурати пайдо шудани аломатҳои аввалини беморӣ ба табиби дармонгоҳи наздиктарини хона муроҷиат кардан зарур аст. Агар шабона ҳарорат баланд шавад, ба беморхонаи сироятӣ муроҷиат кардан мебояд, ки шабонарӯзӣ кор мекунад. Агар кӯдак бемор шавад, ба Беморхонаи кӯдаконаи сироятии шаҳр муроҷиат кунед.
Ҳамчунин Мунира Каримова қайд кард, ки дар вақти хунукӣ вируси шадиди роҳҳои нафас хеле мустаҳкам буда, дар масофаи 1 метр ба шахси дигар гузашта метавонад.
Табиб ҳамчунин таъкид дошт, ки дар сурати таваҷҷуҳ накардан ба вируси шадиди роҳҳои нафас, шахс метавонад ба бемории шохаҳои роҳи нафаскашӣ (бронхит), илтиҳоби пардаҳои майна (менингит), норасоии нафаскашӣ ва варами гӯш ва кӯдакон ба касалии шохаҳои роҳи нафаскашӣ ва варами шуш (пневмония) гирифтор шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.