Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки гузаронидани ташхиси Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО / ВИЧ) ва гепатит пеш аз хатнаи писарони то 1-сола бепул аст.

Мудири кафедраи тибби мардумии маркази тиббии “Истиқлол”-и пойтахт Акбаршоҳ Аҳмадзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт, ки мувофиқи қарори ҳукумат №600, дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ гузаронидани хатнаи писарони синни то 1-сола, ҳамчунин гузаштан аз ташхиси ВНМО ва гепатит ройгон мебошад.

“Волидон маҳз ҳамин банд, яъне маҳдудияти синнусолӣ барои супурдани ташхисро дуруст намедонанд. Онҳо бояд донанд, ки хатна, ташхиси умумии хун, ташхиси ВНМО ва гепатит барои кӯдакони синни то 1-сола бепул гузаронида мешавад. Барои кӯдакони синни аз 1-сола боло ҳамаи ин пулакӣ аст”, - изщор дошт табиб.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як муассисаи тиббӣ, ки дар он хатнаи писарон гузаронида мешавад, озмоишгоҳе мавҷуд аст, ки дар он метавон аз ташхис гузашт, яъне ҳамаи корҳо дар як ҷо гузаронида мешавад.

Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ гуфтаҳои табибро тасдиқ карда, иброз доштанд, ки ҳамаи ташхисҳои дахлдор барои маросими хатнаи кӯдакони синни то 1-сола бепул гузаронида мешавад. Волидони кӯдакони синни аз 1-сола боло танҳо барои ташхис маблағ пардохт карда, гузаронидани хатна барои кӯдакони ҳамаи синнусол бепул аст.

Барои гузаронидани он волидонро лозим аст, ки якчанд ҳуҷҷат пешниҳод кунанд, аз ҷумла, маълумотнома аз таваллудхона ё шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи яке аз волидон ва маълумотнома дар бораи гузаронидани ташхисҳо.

Бино ба маълумоти Маркази пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) Тоҷикистон, тест-ташхиси фаврии ВНМО 22 сомонӣ ва ташхиси хун аз раг барои ВНМО 23-26 сомонӣ нарх дорад. Барои шахсоне, ки ба гурӯҳи осебпазир шомиланд (афроде, ки наздиконашон аз ВНМО сироят ёфтаанд, нашъамандон ва ғайра) ташхисҳо бепул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.