Роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд айни ҳол барои ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз ҳар ду самт боз аст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯйи ширкати IRS Далер Мерганов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дирӯз ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода аз сабаби тармафароӣ муваққатан манъ гардида, то нисфирӯзии 13-уми январ ҳамаи қитъаҳои роҳ аз барф тоза карда шуданд.

Дирӯзу имрӯз дар ҷойҳои тармафароӣ баҳри таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аз ҳисоби наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, кормандони БДА ва ширкати IRS постгоҳҳо ташкил карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳавошиносони кишвар ҳушдор медиҳанд, ки 14 ва 15-уми январ дар роҳҳои нақлиётгарди минтақаҳои кӯҳӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо аз эҳтимол дур нест. Инчунин 14-15 январ ба истиснои ВМКБ дар манотиқи ҷумҳурӣ фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад.

Дар робита ба вазъи номусоиди обуҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба ронандагон тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳолатҳои туману яхбандӣ ронандагон қабл аз сафар бояд ҳатман ҳолати техникии мошин ва чархҳои онро аз назар гузаронида, системаи тормозро бодиққат санҷанд, ки оё барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ муносибанд?

Тавсияҳои дигари КҲФ:

Ҳолати фонусҳои мошинро ҳам аз назар гузаронед. Дар ҳолати хира будани ин фонусҳо, онҳоро ҳатман иваз кунед.

Ин тавсияҳо барои ронандагоне, ки дар роҳҳои яхбаста сафар доранд:

- ҳаракати мошин аз аввал бояд бо суръати паст ва оҳиста бошад;

- бо ҳамон суръате бояд ҳаракат кард, ки бехатарӣ таъмин бошад, бахусус, ҳангоми ҳаракат дар пулҳо, гардишҳо ва фарозу нишеб;

- ҳангоми ҳаракат фосилаи байни мошинҳо бояд назар ба ҳолатҳои муқаррарӣ бештар бошад, зеро ист дар роҳҳои яхбаста хатари дигар дорад: ҳатман чархҳо баъд аз фишор болои тормоз хоҳанд лағжид;

Ҳамчунин огоҳӣ дода мешавад, ки дар рӯзҳои ҳавои номусоид сокинон беҳтараш бояд анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.