Аз пагоҳ, 14-уми январ бо қарори шаҳрдории Душанбе роҳи ҳаракати автобуси №29, ки аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) то маҳаллаи Пахтакор (Гипрозем) равуо мекунад, тағйир меёбад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар робита ба ифтитоҳи маҷмааи савдои Кӯшониён, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, минбаъд автобуси №29 аз маҳалли Пахтакор то маркази савдои “Кӯшониён” равуо хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори шаҳрдорӣ бозори фурӯши масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт ба маҷмааи савдои “Кӯшониён” кӯчонида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.