АНОНС

- Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, идома меёбад.


ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6913 сомонӣ;

1 евро – 10.8019 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1963 — Котиби якуми КМ ҲКИШ, раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н.С.Хрущев пиромуни дар ИҶШС мавҷуд будани бомбаи 100-мегатоннаи водородӣ маълумот дод.


2003 — Суди шаҳри Душанбе Р.Қаландаровро тибқи парвандаи куштори раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио С.Раҳимов  ба ҳукми қатл маҳкум кард.

2009 — Хабарнигори агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов дар синни 62-солагӣ бемаҳал дар Душанбе аз олам даргузашт.

Баҳром Маннонов
Asia-Plus

2018 — Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони мораторияи дусола ба ҳама гуна навъҳои санҷиши субъектҳои истеҳсолии соҳибкорӣ фармон ба имзо расонид.

1899 — Зодрӯзи нахустин Комиссари халқии маорифи ҶШСА Тоҷикистон (1924-1927) доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҳамасола 16 январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи озодии мазҳаб (Religious Freedom Day) ҷашн гирифта мешавад.


ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар охири рӯз дар доманакӯҳо барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок,дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 7-12° хунук то 14-19° хунук, рӯзона 1-6 хунук, дар шарқи вилоят шабона аз 28-33° хунук рӯзона 8-13° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм),танҳо нимаи дуюми рӯз барфи суст борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4 хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, танҳо охири рӯз дар баъзе ҳолатҳо барфи сустмеборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 12-14° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.