Соли гузашта наздики 1 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳату тиҷорат ва меҳмонӣ аз вилояти Суғд боздид карданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, соли 2019 беш аз 914 ҳазор нафар ба вилоят ворид шуданд, ки назар ба соли як соли қабл 7,4% бештар аст.

Манбаъ меафзояд, ки мақомоти вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои ҷалби гардишгарон ба минтақаҳои туристии вилоят тадбирҳои зарурӣ ба роҳ мемонад.

Соли гузашта дар вилояти Суғд 10 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, акнун шумораи онҳо ба 40 адад расидааст.

Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 86 меҳмонхонаву осоишгоҳ, 46 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.