Бенямини Илҳом, толибилми мактаб, ки рӯзи 15-уми январ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бо гиря ва арзи беморияш мутаассир кард, бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода дар бемористон бистарӣ шуд.

Дирӯз пас аз машварати олимони маъруфи тоҷики соҳаи тиб, ки таҳти раёсати муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Умарзода доир гардид, писарча дар шуъбаи гастроэнтерологии беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати ташкили хизматрасонӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустӣ Зоир Набиев хабар дод, табибон вазъи солимии Беняминро муътадил арзёбӣ карданд. Муолиҷаи ӯ зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ҷараён мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, маълум шудааст, ки Бенямин аз замони таваллудаш ба дарди рӯда гирифтор буда, наздики 7 сол пеш ҳатто ҷарроҳӣ шудааст.

“Барои барқарор кардани солимии кӯдак боз як ҷарроҳии дигар зарур нест”, - таъкид дошт Набиев.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки айни замон масъалаи ба хориҷи кишвар фиристодани кӯдак барои табобат баррасӣ намешавад.

“Ба муолиҷаи ӯ табибони тоҷик машғул мешаванд, вале агар лозим ояд, мо метавонем мутахассисони хориҷиро ба Душанбе даъват кунем”, - афзуд Набиев.

Рӯзи 15-уми январ зимни ифтитоҳи мактаби нав дар пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо писарчаи 10-сола Бенямини Илҳом, яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” суҳбат кард.

Ӯ ба сарвари давлат арз кард, ки сахт бемор аст ва табибон гуфтаанд, ки бемориашро дар хориҷи кишвар табобат кунад.

Худи ҳамон рӯз президент дастур дод, ки муоина ва табобати бепули писарча зери назорат гирифта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.