АНОНС

- Дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнт операи “Хусрав ва Ширин” намоиш дода мешавад. Маълумоти муфассал бо телефони 221 62 91.


- Дар меҳмонхонаи "Хайятт Риҷенси Душанбе" маросими тақдими Ҷоизаҳои миллии “ТОП-50” доир мегардад. Чиптаҳоро метавон бо телефони 98 726 00 41 дастрас кард.


- Бонки миллии Тоҷикистон дар маркази таълимию фароғатии “Паркинг” дар мавзӯи “Барои ба орзу расидан чӣ хел пул кор кардан мумкин аст?” тренинг мегузаронад. Оғоз соати 15:00.0

- Дар Нитса (Фаронса) рӯзҳои 17-19 январ ба хотираи қаҳрамони олимпӣ Анри Деглан мусобиқаи Гран-при оид ба гуштини тарзи озод, юнони-римӣ ва гуштин миёни занон баргузор мешавад.  

- Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, ба кораш идома медиҳад.


ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6966 сомонӣ;

1 евро – 10.8272 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1920 — Дар Русияи Шӯравӣ ҳукми қатл расман бекор карда шуд.

1991 — Дар ҷаҳон бори нахуст ба воситаи кураи ҳавоӣ парвоз тариқи Уқёнуси Ором анҷом дода шуд.

1995 — Таъсиси Гвардияи президентӣ (аз соли 2004 – миллӣ)-и Тоҷикистон.

1893 — Зодрӯзи шоира Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

1893 — Мавлуди яке аз муборизони барқарор кардани ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон Толпиго Борис Вячеславович.

1927 — Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов.

1950 — Мавлуди Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.  

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Зодрӯзи Муҳаммад Алӣ (дар кӯдакӣ Кассиус Марселлус Клей, англ. Cassius Marcellus Clay) — муштзани ҳирфаии амрикоӣ, яке аз муштзанҳои маъруф дар таърихи бокси ҷаҳонӣ. Муштзани сиёҳпӯсти амрикоӣ дар солҳои 1960-ум номдор шуд. Зидди ҷанги ИМА ба муқобили Ветнам (1967-1973) эътироз баён карда, ба зиндон маҳкум шуд. Он ҷо дини Исломро қабул карда, номашро Муҳаммад Алӣ гузошт ва бо ҳамин ном ба ҷаҳониён маъруф шуд. Ӯ 3-юми июни соли 2016 дар синни 75-солагӣ дар Амрико вафот кард.


Ҳамасола 17-уми январ дар саросари дунё Рӯзи ихтироъи ҷавонон ё худ Рӯзи кӯдакони ихтироъкор ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба зодрӯзи яке аз арбобони шинохтаи амрикоӣ – ходими давлатӣ, дипломат, олим, ихтироъкор ва рӯзноманигор Бенҷамин Франклин рост меояд, ки дар синни 12-солагӣ як асбоб барои ба дастон пайвастан ҳангоми шиноварӣ ихтироъ карда буд.

Бенҷамин Франклин

Папаи Рим Григорий XI-ро 13 кардинал 17-уми январи соли 1377 тантанавор ба Ватикан – давлати аз ҳама хурдтарин бо қаламрави ҳамагӣ 44 гектар гусел карданд. Аз ҳамон замон Ватикан қароргоҳи Папаи Рим шуд.

Ватикан

«Давлат дар дохили давлат» дар теппаи Манте-Ватиканои Рим воқеъ буда, дорои парчаму суруди миллӣ ва ҳукумат, Академияи илмҳо, рӯзномаву радио мебошад.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Шабонарӯзи наздик дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо боқӣ монда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дурии биниш дар ағбаҳо то масофаи 300 метрро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд —  Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 6-11° хунук то 13-18° хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 30-35° хунук (дар мавзеи Булункул то 47-49° хунук), рӯзона 15-20° хунук (дар мавзеи Булункул то 23-25° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 9-14 хунук то 15-20° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1, рӯзона 3+5° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 11-13° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.