Акбар Қурбонов, роҳбари бошгоҳи “Акбар” ба размикори ММА Лоиқ Раҷабов мошини “Мерседес” ва асп туҳфа кард. Дар ин бора дар видеоблоги Olimchik MMA дар YouTube хабар дода мешавад.

Лоиқ Раҷабов ба сарпараст барои дастгирӣ изҳори сипос карда, савори сабукрав бо рақами хотирмони 0111 BY 01 шуд.

Размикори ММА Лоиқ Раҷабов пас аз 4 соли зиндагӣ дар Олмон ва иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии PFL дар ИМА ба Тоҷикистон баргашт.

Лоиқ дар чемпионати маъруфи PFL дар Ню-Йорк барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук ва як миллион доллар мукофотпулӣ то даври финалӣ расида, бо қарори ҳакамон қувваозоиро ба размикори бразилиягӣ Натан Шулта бохт.

Сарфи назар аз бохт, тоҷикистониён ҳамдиёри худро қаҳрамон хонда, дар фурудгоҳи Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

Лоиқ соли 2012 ба муҳорибаҳои касбӣ оғоз карда, то имрӯз 16 қувваозмоӣ гузаронидааст. Дар 14 муҳориба ғолиб омада, як қувваозмоиро бохтааст ва дигарашро мусовӣ анҷом додааст.

Ӯ дар мусобиқаҳои PFL, GMC, AP ширкат варзида, бо рақибоне чун Бурак Кизилирмак, Фирӯз Қобилов, Христас Муратиди ва дигарон қувваозмоӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.