Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Хатлон васеъ намуд. Нуқтаҳои нави фурӯш дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ ва маркази маъмурии ноҳияи Хуросон деҳаи Обикиик кушода шуданд.

Яке аз вазифаҳои асосие, ки оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ дар назди худ мегузорад, ин баландбардории мунтазами сатҳу сифати хизматгузориҳо ва дастрасии онҳо ба шумор меравад. Бо иҷрои вазифи мазкур МегаФон дар минтақа яке аз шабакаҳои бузургтарини фурӯшҳоро ташкил намуд.  


“Тӯли 10 соли фаъолият дар вилояти Хатлон мо аллакай 67 толори фирмавиро ифтитоҳ намудем. Дар ҳар яки онҳо муштариён метавонанд аз ҳаҷми пурраи хизматрасониҳо истифода баранд, аз ҷумла вобаста ба интихоби тарофаю опсияҳои муфид машваратҳо гиранд, тарофаҳои махсусеро, ки ба воситаи онҳо метавон фаъолнокии талабагонро дар интернет назорат карда, онҳоро аз контенти номатлуб ҳифз намуд, пайваст кунанд, SIM-кортро дастрас намоянд ва бисёр амалҳои дигарро анҷом диҳанд. Ҳатто дар минтақаҳои дурдаст мо ҳаракат мекунем, ки сатҳи аз ҳама баланди хизматрасонӣ ба мизоҷонро таъмин намоем”, - қайд намуд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.