Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба ғолиби озмуни “Central Asia's Got Talent” Чоршанбе Аловатов ва дигар ҳунармандони ҷавоне, ки соли гузашта дар чорабиниҳои байнулмилалӣ аз фарҳангу ҳунари тоҷик намояндагии назаррас кардаанд, сипоснома ва мукофотпулӣ супорид.

Чоршанбе Аловатов ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки аз гирифтани сипоснома хушҳол шуда, минбаъд низ талош мекунад, дар чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шавад.

“Айни замон танҳо ба таҳсил ва машқи овоз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода банд ҳастаму вақти кор кардан ҳам надорам”, - гуфт Аловатов.

Вай афзуд, ки дар ҳамдастӣ бо бархе аз сарояндагон тасмим гирифтаанд, моҳи марти соли ҷорӣ барои ҳаводорон ҳунарнамоӣ кунанд: “Мо дар арафаи ҷашни Наврӯз консерти муштарак баргузор мекунем. Бовар дорем, ки он барои мухлисони созу навои муосири тоҷик хотирмон хоҳад буд”.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди Тоҷикистон Чоршанбе Аловатови 22-сола дар озмуни шахсони боистеъдоди Central Asia's Got Talent ғолиб омад.

Дар рақобат барои дарёфти зинаи аввал 12 довталаб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Дар даври ниҳоии озмун, ки рӯзи 22-юми декабри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон анҷом пазируфт, шоҳҷоиза (гран-при) насиби Чоршанбе Аловатов гардид. Ба ӯ ҳамчунин 10 000 000 танга (25,5 ҳазор доллар) мукофотпулӣ тақдим шуд.

Қаблан ин овозхони ҷавон дар мусоҳибаи мустақими Радиои “Азия-Плюс” 107FM изҳор дошт, ки аз ҳисоби ҷоизаи худ ба ҷарроҳии як духтари нобино кумак мерасонад.

“Ман аллакай медонам, ки ҳамин маблағро ба чӣ сарф кунам. Пеш аз ба он ҷо рафтан бовар надоштам, ки ғолиб мешавам. Ман як-ду шиносе дорам, ки ба ёрӣ ниёз доранд. Дар як ҷо бахшида ба Рӯзи маъюбон суруд хондам. Дар ин чорабинӣ як духтар ҳам суруди зебо хонд, ки чашмонаш намебинанд. Ба ман гуфтанд, ки барои ҷарроҳии ин духтар маблағ лозим аст. Дар дилам гуфтам, ки агар дар озмун ғолиб шавам, ба ин духтар ҳатман кумак мерасонам. Инро мумкин Худои Таъоло шунид, ки пирӯзӣ насиби ман шуд”, - гуфт Аловатов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.