Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд барқарор карда шуд.

“Айни замон роҳ тоза шуда, он аз ду самт барои равуои нақлиёт кушода аст. Ҳозир корҳои васеъ кардани роҳ барои осон шудани ҳаракати мошинҳо ҷараён доранд”, - хабар дод ба Азия-Плюс” котиби матбуотии филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон Далер Мерганов.

Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз дар натиҷаи фаромадани тармаҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ карда шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи ҳаво боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо барфу борон меборад.

Рӯзи 23-юми январ ҳангоми соф шудани ҳаво шабона ва саҳаргоҳон сардшавӣ шиддат гирифта, дар водиҳо то 3-80 хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-180 хунук, дар мавзеъҳои баландкӯҳ 35-400 хунук (дар мавзеи Булункӯл то -500 хунук) пешгӯйӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.