Дар озмуни телевизионии ихтироъкорони ҷавон “Бозёфт-2019”, ки аз ҷониби шабакаи ТВ “Баҳористон” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, Раҳимҷон Ҳакимов, хонандаи синфи 11-и литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо муаррифии лоиҳаи худ таҳти унвони “Гармхонаи боақл” сазовори ҷои аввал шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар ин озмун ихтироъкорони наврасу ҷавони кишвар, аз ҷумла, аз вилояти Суғд 8 нафар хонандагон фаъолона ширкат варзиданд.

1/3

“Раҳимҷон Ҳакимов лоиҳаи худро бо ҳамсабақонаш Абдушариф Абдурафиқӣ ва Муҳаммадаюбҷон Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Очилов ихтироъ кардаанд”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Зикр мешавад, ки ин лоиҳа бо технологияи навин роҳандозӣ шуда, зимнан гармхонаро тавассути барномаи телефони мобилӣ ва тариқи худкор метавон идора кард.

“Гармхонаи боақл” вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: ба таври автоматӣ ченкунии ҳарорат; ташкили рӯшноии сунъӣ дар вақти зарурӣ; обёрии  автоматӣ; ташкили автоматии борони сунъӣ; тавассути телефони мобилӣ идоракунии таҷҳизоти гармхона ва ғайра. Ин лоиҳаро метавон дар соҳаи кишоварзии мамлакат ба тариқи густурда ҷорӣ кард.

Ба ғолиби озмун диплом, нишон ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби созмондиҳандагон такдим шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.