АНОНС

- Дар Тел-Авив (Исроил) мусобиқаи аввалини соли равон дар силсилаи ҷаҳонии Гран-при оғоз мешавад. Дар он 583 гуштингир аз 85 кишвари саросари дунё иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шакармамад Мирмамадов, Акмал Муродов, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Давлаталӣ Назаралиев намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6953 сомонӣ;

1 евро – 10.7540 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1560 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Бонки давлатии Чин баҳри такмили фаъолияти корпоратсияи ZTE, ҶС «Тоҷиктелеком» ва оператори мобилии «ТК-мобайл» 73 млн. доллар қарз ҷудо кард.

2017 — Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дастур дод, ки таносуби вазн ва қади кормандони милитсия ба тартиб оварда шавад.


1939 — Мавлуди доктори илми биология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Намоз Бердиев.

1966 — Зодрӯзи Маъруф Исоматов, олими таърихшинос, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

464 сол пеш – соли 1556 дар Чин яке аз заминларзаҳои харобиовар ва бузургтарин аз рӯйи шумори қурбониён рух дод, ки бар асари он дар вилояти Шанси 830 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Шаҳри Сиани вилояти Шанси имрӯз

Дар ин рӯзи соли 1895 бори нахуст капитани киштии “Антарктик”-и Норвегия Кристенсен ва мусофири ин киштӣ, шаҳрванди Норвегия, омӯзгори илмҳои табиӣ Карлстен Борхгревинк ба замини Антарктида қадам ниҳоданд. Яке аз муъҷизаҳое, ки онҳо дар ин қораи сайёраи Замин шоҳид шуданд, фаҷр (дурахш)-и шимолӣ (полярное сияние) буд.


Ҳамасола 23-юми январ Рӯзи хат ё худ Рӯзи тарзи навишти дастӣ ҷашн гирифта мешавад. Қобили зикр аст, ки тарзи навишти ҳар як шахси ҷудогона хосу нотакрор мебошад.


171 сол пеш дар аёлати Ню-Йорк бори авввал ба зан дипломи табиб дода шуд. Ҳозир сафи табибони зан аз мардон зиёдтар аст, лекин замоне табибӣ танҳо хоси мардон буд. Якумин духтури зани дипломдор Элизабет Блэквелл шуд.

Элизабет Блэквелл

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Имрӯз ҳангоми соф шудани ҳаво шабона ва саҳаргоҳон сардшавӣ шиддат гирифта, дар ноҳияҳое, ки дар водиянд, то 3-80 хунук, дар мавзеъҳои доманакӯҳ 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-180 хунук, дар баландкӯҳ 30-350 хунук (дар Булункӯл то 38-400 хунук) дар назар аст.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 1+6 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 13-18° хунук, рӯзона 2-7 хунук, дар шарқи вилоят шабона 30-35 хунук, рӯзона 18-23 ° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 хунук, (дар ноҳияи Ҷиргатол то 16-18 хунук), рӯзона -3+2 мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3-5° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 14-16° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.