Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода рӯзи 23-юми январ сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими корҳои омодагӣ ба баргузории намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Порис суҳбат карданд.

Барои бо сифати баланд иҷро кардани корҳои омодагӣ ба намоишгоҳ, ки ифтитоҳаш 14 октябри соли 2020 дар назар аст, бояд гурӯҳи корӣ ҳар моҳ як бор ҷамъ шуда, рафти омодагиро санҷад.

“Ин як имкони хуб аст, ки тамоми зебоиҳои табиии ин кишвар ва таърихи нотакрорашро ба мардуми Фаронса нишон диҳем. Ман фикр мекунам, ки дар Порис ин намоишгоҳро бисёр меписанданд”, - иброз дошт хонум Ясмин Гуедар.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо чанд масъалаи ҷузъии намоишгоҳ мисли эълон намудани тендер барои интихоби ширкати ҳавопаймоӣ барои бурда расонидани нигораҳо ба Порис ва ширкате, ки бояд нигораҳоро борпеч намояд, инчунин масъалаи бехатарии нигораҳоро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, нашри каталоги намоишгоҳ ба забонҳои гуногун, ташкили барномаи фарҳангӣ дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ ва намоиши филмҳои тоҷик ё наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо иброз доштаанд, ки барои дар сатҳи баланд намоиш додани таърихи халқи тоҷик барои мардуми Фаронса муттаҳидона фаъолият хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.