АНОНС

- Дар Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ нахустин мусобиқа оид ба футзал байни духтарони синни то 19-сола оғоз мегардад. Шаш даста – мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои дарёфти унвони пурқувваттарин тими минтақа рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор мешаванд.

-  Дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии Гран-при оид ба дзюдо дар Тел-Авив (Исроил) намояндагони Тоҷикистон – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду вазни 73 кило) ва Акмал Муродов (81 кило) ба майдон мебароянд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6958 сомонӣ;

1 евро – 10.7546 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1560 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1848 — Дар Калифорния (ИМА) порчаи худрӯи тиллои холис дарёфт шуда, минбаъд тамоми Амрикоро «изтироби тиллоӣ» фаро гирифт.

LPgenerator

1970 — Дар Хоруғ нахустин фабрикаи истеҳсоли маснӯоти дӯзандагӣ дар Помир ба кор даромад.

1976 — Фалокати бузургтарини асри XXI – садамаи танкери бузурги Olympic Bravery бо ғунҷоиши оби 250 ҳазор тонна.

2010 — Намояндагии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

2010 — Дар Миср тифли 2,5-моҳаи шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт ва ба волидонаш супурда шуд.

2011 — Дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав бар асари як амали террористӣ 35 нафар, аз ҷумла 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз 20 нафар тоҷикистониёни дигар ҷароҳат бардоштанд.

utro.ru

1914-1992 — Зодрӯзи ҷанговар, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз Рӯзи байнулмилалии маориф ҷашн гирифта мешавад. Тибқи маълумоти СММ, имрӯз дар саросари дунё наздики 265 миллион нафар кӯдакону наврасон то ҳол имкон надоранд, ки дар мактаб таҳсил ё онро хатм кунанд. Онҳо аз камбизоатӣ, поймолкунии ҳуқуқ, низоъҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулода ва оқибати офатҳои табиӣ азият мекашанд.

Акс аз бойгонии хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Санаи 24 январ Рӯзи байнулмилалии эскимо (яхмос, мороженое) ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз молики як мағоза дар ИМА барои истеҳсол ва фурӯши эскимо - яхмос дар чӯбча, ки бо моеъи шоколад пӯшонида шудааст, патент гирифт.

kp.ru

85 сол пеш ширкати амрикоии "Krueger Brewing Co" бори нахуст як миқдори оби ҷав (пиво)-ро дар зарф истеҳсол ва ба фурӯш гузошт.


Дар Исландия имрӯз Рӯзи шавҳарон ҷашн гирифта мешавад. Занони исландӣ дар ин рӯз кӯшиш мекунанд, ки ҳамсарони худро бо туҳфае ё амали хубе хурсанд кунанд.

uDuba

Ҷашни хуб аст-а? Шумо ҳам ҳамсарони худро бо таваҷҷуҳи бештаратон хушҳол кунед)))

Ва, бонувони муҳтарам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки:

 "Ашк силоҳи зан набуда, силоҳи ӯ табассуми самимӣ аст" (Гакт Камуи).

Мардон бояд дар хотир дошта бошанд, ки:

"Мардоне, ки камбудиҳои ночизи занонро бахшида наметавонанд, ҳеҷ гоҳ аз арзишҳои бузурги онҳо ҳаловат бурда наметавонанд (Ҷеброн Халил Ҷеброн).

 ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар доманакӯҳҳо барф, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 3-8° гарм, гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона -2+3° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14° хунук, рӯзона -4+1, дар шарқи вилоят шабона 24-29 хунук, рӯзона 10-15° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 хунук, (дар ноҳияи Ҷиргатол то 13-15 хунук) рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 10-12° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.