Адиби номдори тоҷик Наримон Бақозода имрӯз 85-сола шуд. Ӯ ҳаёти пурбаракати худро ба эҷоди шеъру достон барои кӯдакону наврасон бахшида, 26-уми январи соли 2009 дар рӯзи мавлудаш бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Писари ин шоири тоҷик Қаҳрамон Бақозода зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” аз хотироти даврони кӯдакӣ ёдовар шуда, гуфт, ки падараш ҳамеша зодрӯзи худро дар ҷамъи пайвандону дӯстон таҷлил мекард.

- Ҳамеша мо – фарзадону наздикон кӯшиш мекардем, ки зодрӯзи падарро қайд намоем. 70-солагии падарро дар театри опера ва балет дар сатҳи ҳукуматӣ ва 75-солагиашонро дар “Хонаи кино” бо дастгирии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҷлил кардем, - афзуд Қаҳрамон.

То ҳол фарзандон тасаввур карда наметавонанд, ки падар бо онҳо нест. Ӯ инсони пурэнержӣ, меҳрубону ботаҳаммул ва ҳамеша машғули эҷод буд. Вале якбора гирифтори сактаи қалб (инфаркт) шуд, ки онро таҳаммул карда натавонист.

Наримон Бақозода (дар байн) бо аҳли оила
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

- Мо ҳеҷ бовар надоштем, ки риштаи умри падар базудӣ канда мешавад. Ҳамеша машқи бадан мекарданд ва бекор наменишастанд. Падарамон саъй меварзиданд, ки вақти холии худро беҳуда нагузаронанд. Бисёр китоб мутолиа мекарданд. Дар китобхонаи мо зиёда аз ҳазор китоб ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳошияҳои қариб ҳамаи онҳо қайдҳои падарамонро доранд, - мегӯяд писари шоир.
Наримон Бақозода машғули варзиш
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

Риояи тартибот дар хонадон

Наримон Бақозода баъзан сахтгир буданд ва кӯшиш мекарданд, ки фарзандон қоида ва тартиботро дар хонавода риоя кунанд. Ҳамсуҳбати мо ёдовар мешавад:

- Падар талаб мекарданд, ки барои истеъмоли хӯроки шом дар вақти муқарраршуда ҳама бояд ҳозир шаванд ва то рӯзҳои охирини ҳайёташон аз ин одат даст накашиданд. То баргаштани ман аз кор интизор мешуданд ва танҳо баъди омаданам хӯроки бегоҳиро ҳамроҳ мехӯрдем. Барои риояи тартиб дар хона мо – фарзандон бояд пойафзолро дуруст ҷобаҷо гузорем. Инчунин 3 фарзанд ҳар рӯз навбатдор шуда, хонаро ба тартиб меовардем. Барои ин корҳо дафтари махсус доштанд, ки дар он ба мо баҳо мегузоштанд ва ин як навъи тарбият дар хонаводаи мо буд.

Ба гуфтаи фарзандон, тартибу низомро аз рафтору гуфтор ва дарсҳои тарбиявии шодравон омӯхтаанд. Наздикону пайвандони Наримон Бақозода мегӯянд, ки он кас ҳеҷ гоҳ бадгапиву бадрафторӣ намекарданд ва нисбат ба нафаре сахт хашмгин намешуданд.

Яке аз лаҳзаҳои мутолиа ва эҷоди Наримон Бақозода
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

- Бо аҳли оила, хешу табор, ҳамсояҳо, ҳамкорон ва умуман, бо хурду калон рафтори боадабона, боэҳтиромона ва самимона доштанд. Дар иҷрои уҳдадориҳо ва расидан ба мақсадҳо ҷидду ҷаҳди тамом нишон медоданд. Як корро ба анҷом расонида, баъд ба кори дигар машғул мешуданд. Ҳамеша талош мекарданд, ки аз воқеаҳои зиндагӣ бо мардум ҳарф бизананд ва барои худ як чизи нав пайдо бикунанд. Мушоҳидаҳои худро дар дафтари махсус қайд карда, ҳатман дар эҷодиёт ва зиндагӣ ба кор мебурданд, - иброз дошт Қаҳрамон.

Вай афзуд, ҳоло баръало дарк мекунад, ки дар рафти ҳаёти мустақилона ба донишу малака ва маслиҳатҳои падар такя карда, пеш меравад. Он дастовардҳое, ки ӯ дар ҳаёт ноил шудааст, ба шарофати пайгирии пандҳои падар амалӣ гаштааст:

- Иҷрои вазифаи хонагӣ, махсусан забони модарӣ ва адабиёт, деҳқониву боғдорӣ дар боғчасарой, тайёр кардани мусалласу ғӯраобу шиннию сирко аз ангури дастпарвард, хӯрокхӯрӣ, бахусус хӯроки шом, тамошоҳои оилавии театру кино, меҳмондорӣ ва ғайраҳо – ҳама дар ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо падарам сурат мегирифтанд. Дар рафти ин ҳамкориҳо падар пайваста бо тамкину таъкид ба мо принсипҳои зиндагиро, ки муҳимм мешумориданд, меомӯзониданд.
Мусоҳибаи Наримон Бақозода
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

Навовари даврони худ

Наримон Бақозода эҷодкори навовар буда, солҳои 1980-84 барои телевизион сенарияи қиссаи “Аҷузкампир ва бачаҳо”-ро навиштааст. Тӯли чанд сол ин барнома дар телевизион намоиш дода мешуд. Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, ки ин барнома бо персонажҳои Аҷузкампир ва Пиёзу Ғиёс ба забони тоҷикӣ барои бачаҳо хеле ҷолиб буд.

Ҳамчунин Наримон Бақозода муаллифи аввалин либреттои операи кӯдаконаи тоҷик “Хо­наи заргӯшбибӣ”  мебошад. Ӯ дар ҳамкорӣ бо Дамир Дӯстмуҳаммадов афсонаи бачагонаро ба шакли опера дароварданд, ки он дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш дода шуд.

Қобили зикр аст, ки ташаббускори нахустин фестивалҳои китоб дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нависандаи рус Лев Кассил будааст. Ин чорабинии фарҳангӣ дар ҷумҳурии мо баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Аз соли 1998 бо пешниҳоди Наримон Бақозода баргузории фестивали китоби бачагон дар Тоҷикистон аз нав эҳё шуд.

Наримон Бақозода дар назди эълони намоишномаи “Мурғи ҳумо”
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

Пандҳои Наримон Бақозода ба фарзандон ва наберагон

Қаҳрамон, Хиромон ва Меҳрубон фарзандони ин шоири маъруфи тоҷик мебошанд. Онҳо андарзҳои падарро таҳлил кардаву ҳамеша дар зиндагӣ ба кор мебаранд. Қаҳрамон бар ин андеша аст, ки “ин пандҳо на танҳо ба мо – фарзандон ва наберагони Наримон Бақозода, балки ба одамони зиёд судманд ва роҳнамои зиндагӣ буда метавонанд”.

Вақтро ғанимат дон, ки умратро беҳуда нагузаронӣ!

Вақт неъмати бебозгашт аст. Онро барои донишомӯзӣ ва рушди худ босамар истифода бикун. Дар ҳаёт инсон бо бисёр масъалаҳои ҷаззобу дилкаш рӯ ба рӯ мешавад. Аз байни ҳамаи онҳо бароят муҳиммашро интихоб намуда, бештари вақтатро ба он сарф бикун. Масъалаҳои ҳушбарак ва вақткушакро фарқ карда, худро аз онҳо дар масофаи муайян нигоҳ дошта тавон.

Мақсадатро аниқ карда, барои расидан ба он ҳаракат бикун!

Дар ҳаёт ҳар инсон бояд мақсад дошта бошад. Фарди бемақсад ба гӯсфанди рама монанд аст, ки чӯпон ҳар куҷо ҳай кунад, ҳамон сӯй меравад. Барои худ маълум бикун, ки «ба куҷо рафтан мехоҳӣ», «кӣ шудан мехоҳӣ», «ба кадом қуллаҳо расиданиӣ», «бо кадом роҳ ба мақсад мерасӣ». Вобаста ба ҷавобат дар самти лозима ҳаракат бикун.

Бофаросат бош!

Дар зиндагиву корбарӣ бисёр масъалаҳо пешбиниро талаб мекунанд. Ту бояд нафақат ба талаботи ҳозираи кору зиндагӣ ва муносибати одамон ҷавобгӯ бошӣ, балки 2-3 қадам пешгардӣ ва ояндаи наздику дуртарро дидаву эҳсос карда тавонӣ. Дар бархӯрд бо вазъиятҳои оянда рӯҳан ва амалан тайёр бошӣ. Дар ин ҳолат ту ҳамчун одами бофаросат ва заковатманд шинохта мешавӣ.

Тарбияи ин хосият дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон шакл мегирад. Масалан, пеш аз оғози ягон кор аввал фикр карда, ҳамаи асбобҳоро муайян ва тайёр намуда, баъд ба кор шурӯъ бикун, ки барои асбобҳои даркорӣ даҳ бор равуо накунӣ.

Ботартибӣ аз одатҳои одӣ оғоз мешавад!

Одам наметавонад дар як кор ботартибу дар дигар кор(-ҳо) бетартиб бошад. Барои ҳамин тартибро дар корҳои одии ҳаррӯза риоят бикун. Масалан, тозагию озодагии сарулибос, ботартибии мизи корӣ, ҷобаҷо гузоштани асбобҳо баъди истифода, ғундоштани ҷогаҳ баъди хоб ҷузъиёти ботартибист, ки бояд риоя бикунӣ ва худро ба ин одат кунонӣ. Ҳар коре, ки барои ботартибӣ батакрор иҷро мекунӣ, бароят одат шуда, қисми ҷудонашавандаи шахсиятат мегардад. Ҳамин тавр дар корҳои ояндаат ҳам ботартиб фаъолият карда, муваффақ мешавӣ.

Иродаатро мустаҳкам бикун!

Дар ҳаёт бисёр корҳоро иҷро кардан лозим аст. Қисми зиёди онҳо корҳои лозиманд, лекин он қадар дилкаш нестанд ё вақти зиёдро металабанд, ки одам аз иҷрои онҳо зиқ мешавад. Ба назар мерасад, ки осонтараш корро монда, телевизор тамошо кунӣ, бо дӯстон дар кӯча гардӣ ё бо телефон суҳбатҳои беохир кунӣ. Дар ин гуна ҳолат барои “Не” гуфта тавонистан ба ҳушбаракҳо ва корҳои лозимаро сар карда, то ба охир расонидан иродаи сахт лозим аст. Иродаатро мустаҳкам бикун, то ба мақсад ноил гардӣ.

Кори саркардаро ба охир бирасон!

Вақте ки як корро сар кардӣ, бо сифати баланд ва пурра ба охир расонидани он бояд одати бечуну чароят бошад! Чун ба иҷрои коре камар бастӣ, дигарон умедвор мешаванд, ки аз натиҷаи он баҳравар мегарданд ва онҳо барои анҷом додани чалакорҳои ту вақт сарф намекунанд. Фарқ надорад, ки он чӣ гуна кор аст: давлатист, соҳавист ё як кори муқаррарии хонаводагист. Аввал аниқ бикун, ки кадом натиҷаи ин кор беҳтарин аст ва аз пайи ҳамон бишав. Ҳатто агар вақту қувваи зиёд лозим шавад ҳам, ба дастоварди натиҷаи беҳтарин ҳаракат бикун. Дуюм ин, ки масъалаи асосиро ҳал карда, корҳои иловагии вобаста ба ҳамин фаъолиятро нокарда нагузор. Сеюм, баъд аз иҷрои кор ҷобаҷогузории асбобҳои истифодашударо ба касони дигар нагузор. Масалан, агар шохҳои дарахтро бурридӣ, онҳоро ҷамъ карда, барои ҳезум баста мондан вазифаи иловагӣ мебошад. Баъд аз ин гирду атрофро рӯбучин карда, асбобҳоро ба ҷойи худаш гузор. Анҷоми ҳамаи ин амалҳо кори дуруст иҷрошуда ба ҳисоб меравад.

Вохӯрии Наримон Бақозода бо кӯдакон
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

Кори имрӯзро ба фардо нагузор!

Бисёр вақт барои иҷрои коре ба мо фақат танбалӣ халал мерасонад. Вақте дидӣ, ки як корро айни ҳол кардан мумкин аст – бикун! Зеро фардо, балки худи ҳамин рӯз аз пеш корҳои дигар мебароянд. Коргурезӣ нафақат ба афзудани нокардаҳо, балки бо мурури замон ба вайроншавии асбобу анҷом, хароҷоти зиёдатӣ, ба зарари саломатӣ ва ҳатто ба беобрӯӣ ҳам оварда метавонад.

Бепарво нашав!

Вақте ки бо як чизи ноҷо рӯбарӯ шудӣ, ба ҷо гузор! Бепарвоӣ шахсияти одамро барбод медиҳад.

Бештар бихон!

Китоб бояд туро дар зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳӣ бикунад. Хондан донишро зиёд, ҷаҳонбиниро васеъ, тахайюлотро бедор, фаҳму фаросаро амиқ мегардонад, иродаро мустаҳкам карда, дар рӯҳи муваффақ будан тарбият мекунад. Худро ба мутолиа одат кунонида, бунёдатро аз илму адаб ва фалсафаи беҳтарини зиндагӣ пур мегардонӣ. Ҳамаи ин ҳастии туро ҳамчун шахсияти фарзона ва заковатманд ташаккул медиҳад.

Хӯрокатро гуногун бикун!

Бо хӯрок ҷисми одам витаминҳои гуногунро қабул мекунад. Барои саломат ва боқувват будан хӯроки гуногун хӯрдан лозим аст.

Хӯроки шомро бо аҳли оила бихӯр!

Дар давоми рӯз ҳар кадоми аҳли оила нақшаҳои гуногун доранд, вале бегоҳӣ, дар як вақти муайян ҳама барои таоми шом сари дастархон бояд ҷамъ шаванд. То ҷамъ шудани ҳама, тановули ягон таом хуб нест! Дар вақти тановули таоми шом ҳар кас дар бораи навигариҳо ва дастовардҳои имрӯза нақл мекунад. Таоми шом воситаи хубест барои аҳлияти оила.

Дӯстонатро дониста интихоб бикун!

Ҳаёт моро бо одамони гуногун рӯбарӯ мекунад. Ва худи ҳаёт нишон медиҳад, ки кадомашон кирои дӯстианд ва аз кадомашон дуртар будан беҳтар аст. Бодиққат бош!

Наримон Бақозода
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

Зиндагинома

Наримон Бақозода 26-уми январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, рӯзноманигори «Овози тоҷик» таваллуд шудааст. Замони кӯдакии ӯ дар шаҳри Самарқанд гузаштааст.

Факултаи таъриху филологияи УДТ ба номи В.И.Ленинро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Ҳамчунин дар мактаби кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷикфилм» таҳсил намудааст

Ходими адабӣ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1967), мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти давлатии «Ирфон» (1967-1970), сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳаррири Комитети давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография (1970-1974), котиби масъули маҷаллаи «Машъал» (1974-1979), муовини аввали раиси Комитети Тоҷикистонии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистонии Хазинаи сулҳ (1974-2003) фаъолият кардааст.

Барои кӯда­кону наврасон як силсила шеъ­ру достон офаридааст, ки дар маҷ­мӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеър­ҳо, афсонаҳо, чистон­ҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо – кони панҷ» (1985) ва ғайра фароҳам омаданд.

Муаллифи аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик «Хо­наи заргӯшбибӣ», инчунин драмаҳои «Бузаки ҷинги­лапо» (1975), «Бахтатро бедор кун» (1985) ва ғайра мебошад. 

Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1995), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1974).

Таҷлили 70-солагии Наримон Бақозода
Акс аз бойгонии хонаводаи шоир

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.