Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев намояндагони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-ро, ки тайи соли охир дастрасӣ ба сомонаи он қатъ шудааст, ба қабули худ даъват кард. Дар ин бора Атоев рӯзи 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ дар кишвар изҳори назар кард.

“Дар робита ба “Азия-Плюс” гуфтаниям, ки сомонаи он мушкилоти техникӣ дорад. Мо мактуби онҳоро гирифта, мутахассисонамон кор мекунанд. Лекин дар ҳамин ҳол, мехоҳем, ки намояндагони “Азия-Плюс” назди мо омада, ҳамроҳ рӯйи ҳалли ин мушкил кор кунем”, - қайд кард Атоев.

Ба қавли ӯ, Худамоти алоқа мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, яъне бо қарори Суди олӣ ва уҳдадориҳои байнулмилалӣ назди кишварҳои шарик дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ мекунад.

Торнамои хабаргузории “Азия-Плюс” – news.tj аз 29-уми ноябри соли 2018 барои аҳолии кишвар дастнорас аст. Қатъкуниҳои дастрасӣ пештар ҳам сурат мегирифтанд, аммо ба як давраи муайян, аз чанд рӯз то ду моҳ.

Ин дафъа бастани сомона бесобиқа буда, зиёда аз як сол идома дошт.

Дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон расман касе қатъ намекунад. Ба дархостҳои идора Хадамоти алоқа, ки танзимгари масоили телекоммуникатсионӣ дар кишвар аст, посух медиҳад, ки дастрасӣ ба торнамои “Азия-Плюс”-ро қатъ накарда, ин шояд танҳо “нуқси техникӣ” аст.

Бо вуҷуди ин, сомона танҳо тариқи VPN дастрас буд. Яъне ба ҳар ҳол, касе онро мебандад, лекин аз эътирофаш метарсад, зеро мефаҳмад, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ду домени асосии «Азия-Плюс» – news.tj ва asiaplus.tj акнун дигар ҳатто тариқи VPN дастнорасанд.

Рӯзи 19-уми август дар сабти техникии DNS-сервери мо дар калимаи «cloudflare» ба ҷойи ҳарфи “О” рақами 0 (сифр) пайдо шуд. Монанд ба назар мерасад, лекин дар асл ҳамаи трафике, ки ба торнамои мо меравад, ба он ворид намешавад.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба фаъол кардани домени сеюм – asiaplustj.info маҷбур шуд, ки айни замон маводи моро барои мутолиа аз он дарёфт кардан мумкин аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.