Кумитаи ҳифзи муҳити зисти и назди Ҳукумати ҶТ беш аз 1600 субъекти хоҷагидори Тоҷикистонро дар соли 2019  санҷидааст.

Дар нисбати қариб 9500 нафар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бо далели вайрон кардан ё риоя накардани меъёрҳои экологӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷитнома оид ба чораҷӯйӣ ирсол шудааст.

Дар ин бора сардори Кумитаи мазкур Давлатшоҳ Гулаҳмадзода рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Вале, ба гуфтаи ӯ, фаъолияти ин ниҳод назоратӣ буда, он наметавонад мустақилона нисбат ба ташкилоту корхонаҳое, ки далелҳои нақзи меъёрҳои экологӣ доранд, чора андешад. Беш аз ин, ба қавли Гулаҳмадзода, эълони мораторияи панҷсолаи санҷиши субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти истеҳсолӣ мебаранд, ба кори Кумита монеаи ҷиддӣ эҷод кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.