Имсол тантанаҳои наврӯзии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд доир мегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, шуъбаву раёсатҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯз вазифадор шудаанд.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи тасдиқшуда бахшида ба Иди Наврӯз ташкилу баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, гузаронидани ҳашарҳои оммавии вилоятӣ ва иқдомҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” дар назар аст.

Ҳамчунин мусобиқаҳои миллии “Пойга”, “Бузкашӣ”, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, аёдати шахсони барҷомонда, ятимону маъюбон, фестивали “Сайри гули лола”, маҳфили “Фасли Наврӯз ба ин давраи фирӯз омад”, озмунҳои “Бонуи наврӯзӣ”, “Маликаи баҳор”, “Арӯси наврӯзӣ”, “Ҳафт син”, “Ҳафт шин”, “Нақшхони беҳтарин”, “Наврӯз – ҷашни ниёгон” ва ғайраҳо баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.