Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 29-уми январ дар Рим бо ноиби ректор оид ба масъалаҳои байнулмилалии донишгоҳи Сапиенза Бруно Ботта дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, аз ҷумла, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаҳои кишварӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҳамчунин ба масъалаи мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Мувофиқи натиҷаҳои рейтинги Institute of Higher Education of Shanghai Jiao Tong University, донишгоҳи Сапиенза ба 30-гонаи беҳтарин донигоҳҳои Аврупо дохил мешавад. Дар рейтинги ҷаҳонии соли 2010 Донишгоҳи Сапиенза зинаи 190-умро касб карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.