- Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Палатаи ҳисоб, Кумитаи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

-  Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати “Газпром-нефт-Тоҷикистон” дар бораи сарпарастӣ шартнома ба имзо мерасонанд. Маросими имзои шартнома дар толори конфронси Федератсияи футболи Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6951 сомонӣ;

1 евро – 10.6665 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1540 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1917 — Дар ИМА бори нахуст дар ҷаҳон пластинкаи ҷазӣ сабт шуд.

1930 — Дар Маскав садои зангӯла манъ карда шуд.

1961 — Корхонаи истеҳсоли равғани Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор гирифт.

1995 — Дар фестивали мазҳабии ҳиндугӣ дар Оллоҳобод (Ҳиндустон) оид ба дар як вақт гирдиҳам омадани мардум дар як макон рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд – 20 млн. нафар.

2012 — Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футбол қарор қабул шуд.

2018 — Дар садамаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе журналисти маъруф Галим Фасхутдинов ба ҳалокат расид.

Галим Фасхутдинов
Акс аз бойгонӣ

1902 — Зодрӯзи геологи куҳансоли Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон Недавеский Антон Петрович.

1913 — Мавлуди ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Софя Тӯйбоева.

kino-teatr.ru

1924 — Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Ҳанифа Мавлонова.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

1882 - Зодрӯзи Франклин Рузвелт – президенти 32-юми ИМА, ягона шахсе, ки ин мансабро се бор ишғол кард. Соли 1943 Рузвелт ба муҳлати чорум президент интихоб шуд. Ӯ ба маросими ифтитоҳи СММ рӯзи 23 апрели соли 1945 омодагӣ мегирифт, лекин рӯзи 12 апрел аз хунравӣ дар мағзи сар вафот кард.

24СМИ

72 сол пеш дар Санкт-Моритси Швейтсария Бозиҳои V зимистонаи олимпӣ оғоз гардиданд. Дар он 669 нафар (77 нафар занон ва 592 нафар мардон) намояндагони 28 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.


230 сол пеш дар Англия бори нахуст дар ҷаҳон заврақи наҷотдиҳӣ дар баҳр мавриди озмоиш қарор гирифт.

Slide-Share

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағийрёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида тумани суст мефарояд, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 8-13° хунук то 15-20° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 27-32 хунук, (дар мавзеи Булункул то 52-54 хунук), рӯзона 11-16° хунук, (дар мавзеи Булункул то 26-28 хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Шабона ҳавои камабр, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Шабона ҳавои камабр, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Шабона ҳавои камабр, рӯзона ҳавои тағийрёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 10+12° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 14-16° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.