Прокуратураи шаҳри Душанбе қонунӣ будани сохтмони манзилҳоро дар қаламрави шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати “Комил-2020” месанҷад.

“Аз рӯйи ин масъала сохторҳои дахлдор кор карда, ҳар як иншоот санҷида мешавад, лекин ин кори як рӯзу ду рӯз нест”, - хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҶТ Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, ширкат ба роҳ додани амалҳои ғайриқонунӣ дар бунёди манзилҳои баландошёна дар пойтахт ва шаҳри Кӯлоб гумонбар дониста мешавад.

“Камбудиҳои асосӣ дар оғози корҳои сохтмон бидуни гузаштан аз ташхиси давлатӣ, ҳамчунин бунёди ошёнаҳои иловагӣ, ки дар лоиҳа нестанд, ба мушоҳида мерасанд”, - иброз дошт раиси Кумита.

Ӯ қайд кард, ки дар робита ба сохтмони манзилҳои баландошёна дар Душанбе аз ҷониби ин ширкат Кумита бо мактуби расмӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда, он дар навбати худ ҳалли масъаларо бар дӯши прокуратураи шаҳр вогузошт.

“Мо раҳбарияти ширкатро огоҳ кардем, ки агар дар фурсатҳои кӯтоҳтарин камбудиҳо бартараф нашаванд, ширкат метавонад аз иҷозатнома маҳрум карда шавад”, - гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки бо сабаби санҷиш сохтмони ду хонаи баландошёна дар маҳаллаи Зарафшон ва маркази Душанбе боздошта шудааст.

Аҳмадзода илова кард, ки ҳамчунин сохтмони боз як бинои баландошёнаи ширкат дар шаҳри Кӯлоб мутаваққиф гардида, дигар иншоот низ санҷида мешаванд.

Тибқи маводи таҳқиқоти журналистӣ, ки соли гузашта дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр шуд, ширкати “Комил-2010” ба номи Зуҳуров Сиёвуш – писари сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.