Ректори донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар мухолифаташро бо хориҷ кардани донишҷӯён изҳор дошт. Марбут ба ин масъала Сайфиддин Давлатзода имрӯз, 31-уми январ дар нишасти хабарӣ андешаи худро баён кард.

Номбурда ба суоли он, ки “дар соли 2019 чанд нафар донишҷӯён барои насупоридани имтиҳоноти даврӣ ва маблағи шартнома хориҷ шудаанд?” чунин посух дод:

“Ман ҳанӯз дар вазифаи муовини вазири маориф ва илм кор карданам, ки назорати донишгоҳҳо бар уҳдаи ман буд, зидди хориҷ кардани донишҷӯён бо сабаби саривақт насупурдани маблағи шартнома ё имтиҳонҳои даврӣ будам. Аризаҳое, ки ба унвонии вазорат вобаста ба ин масъала ворид мешуданд, ба донишгоҳҳо тавсия медодем, ки ба донишҷӯён имкон бидиҳанд, то давра ба давра маблағи шартнома ва имтиҳоноти худро такроран бисупоранд”.

Вай афзуд, вазъи иҷтимоии баъзе аз оилаҳоро бояд ба назар гирифт ва ба онҳо имкон дод, ки дар ду давра маблағи шартномаашонро супоранд.

Сайфиддин Давлатзода
Asia-Plus

“Вақте донишҷӯ хориҷ мешавад, ӯ ҷавон асту бекор мемонад. Вақте бекор монд, ба ҳар гуна ҷиноят даст заданаш имкон дорад. Аз ин хотир, бо он донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои давриро саривақт супурда наметавонанд, бояд корбарӣ кард, то бо ҳамкурсони худ баробар шуда тавонанд. Хориҷ кардан роҳи ҳалли масъала нест”, - гуфт раиси донишгоҳ.

Дар идомаи суҳбаташ Сайфиддин Давлатзода изҳор дошт, ки ба ин масъала диққат хоҳад дод ва то ҳадди ақал кӯшиш мекунад, ки ягон донишҷӯ хориҷ нашавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.