АНОНС

- Дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва Хадамоти судиҷрочиёни кишвар оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

- Дар Serena Hotel (кӯч. Рӯдакӣ, 14) мактаби расонаҳо CABAR.asia иштирокчиёни марафон (ва дӯстони онҳо)-ро ба маросими тақдими ҷоизаҳо даъват мекунад. Оғоз соати 15:00. Даромадан озодона буда, бақайдгирӣ бо суроғаи https://forms.gle/B8mb6Z9PpEkk5CUX7 ҳатмӣ аст. Бо дигар саволҳо бо +992 939393290 муроҷиат карда метавонед.


- Дар Театри опера ва балет операи П. Чайковский «Иоланта» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 18.00. Билетҳо дар кассаи театр. Маълумот бо телефони 2216291

- Дар Театри таҷрибавии “Аҳорун” (кӯч. Раҳмон Набиев, 24) намоиши спектакли “Макбет” идома дорад. Оғоз соати 15:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6924 сомонӣ;

1 евро – 10.6878 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1530 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1865 — Манъи ғуломӣ дар ИМА.

1918 — Дар Русия тақвими григорианӣ ( солшумории нав) ҷорӣ карда шуд.

1927 — Ташкили ноҳияи Исфара дар Тоҷикистон (феълан дар ҳайати вилояти Суғд).

1989 — Парвози мунтазами ҳавопаймои бузургтарини мусофирбар дар ҷаҳон «Боинг 747-400» оғоз гардид.

2002 — Дар Тоҷикистон истгоҳи аввалини рақамии телефонӣ ба истифода дода шуд.

1935 — Зодрӯзи нависанда ва журналисти русзабони Тоҷикистон Борис Пшеничный, ки муддати зиёд ба ҳайси сардабири рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Коммунист Таджикистана» фаъолият дошт.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Зодрӯзи Вангелия Пандева Димитрова,  ки бештар ҳамчун Ванга, соҳибкаромот, фолбин аст, ки қариб бехато рӯйдоду ҳодисаҳои чандин соли ояндаро пешгӯӣ ва бо истеъдоди бесобиқаи худ беморонро шифо мебахшид.


31 январи соли 1924 – 96 сол пеш аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) қабул шуд.


31 январи соли 1729 дар Истанбул (Туркия) нахустин китоби чопӣ бо хати арабӣ нашр шуд.


Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии заргарон ҷашн гирифта мешавад, ки соли 2008 дар ҷашнвораи заргарони ҷавон дар Тошканд таъсис дода шуд.

Ин ҷо якчанд намунаи ороишоти занони тоҷикро манзуратон мегардонем.


Файзинисо Хоҷаева аз синни 13-солагӣ ба ин касб машғул аст.

31 январ Рӯзи истеҳсоли аввалин арақ (водка)-и русӣ шуморида мешавад. Сабаби таъсиси чунин рӯзи ғайрирасмӣ дар он аст, ки дар ин рӯзи соли 1865 дар Петербург Дмитрий Менделеев рисолаи маъруфи доктории худро дар мавзӯи “Пайваст кардани спирт бо об” ҳимоя кард.


Боз дар бораи нӯшокиҳо: дар ин рӯз 127 сол пеш тамғаи тиҷоратии «Coca-Cola» ба қайд гирифта шуд.


ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағийрёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида тумани суст мефарояд, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 7-12° хунук то 14-19° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 28-33 хунук, (дар мавзеи Булункул то 50-52 хунук), рӯзона 12-17° хунук, (дар мавзеи Булункул то 23-25 хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағийрёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 11+13° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 13-15° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.