Дар маълумоти Кумитаи давлатии масоили тандурустии Чин гуфта мешавад, шумори қурбониёни коронавирус ба 213 нафар расид.

Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, як шабонарӯз пеш ин шумор 170 нафарро ташкил медод.

Тибқи маълумоти навшуда, давоми як шабонарӯз шумори фавтидагон 43 нафар зиёд шудааст, ки рекорд мебошад. Теъдоди сироятёфтагон то 1982 нафар боло рафта, шумори умумиашон ба 9692 нафар расид.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хурӯҷи вирусро ҳолати фавқулодаи миқёси байнулмилалӣ эътироф кард. Дар ҳамин ҳол дар Созмон қайд кардаанд, ки барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои байнулмилалӣ ба сафар ва боркашонӣ зарурате намебинанд. Дар он ҷо бар ин назаранд, ки эълони ҳолати фавқулода ба кишварҳои дорои “низоми заъифи тандурустӣ” кумак мекунад.

Миёни кишварҳои аз вирус сироятёфта ИМА ҳаст, ки дар он ҷо ҳолати аввалини гузаштани вирус аз як шахс ба шахси дигар ошкор шудааст. Ҳамчунин вирус дар Олмон, Фаронса, Италия, АМА, Австралия, Ҷопон ва Сингапур ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон то имрӯз ҳолатҳои сироятёбӣ ва беморӣ аз коронавируси 2019-nCoV ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.