То ҷашни Наврӯз пойтахти Тоҷикистон ба як гулистони бузурге табдил меёбад: дар шаҳр ҳудуди 10 млн. бех гулҳои гуногун шинонида мешаванд.

Барои таҳияи лоиҳаи ороишоти манзаравӣ таҳти раҳбарии муовини раиси пойтахт Толиб Раҳимзод гурӯҳи кори махсус таъсис дода шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳрдории пойтахт Шералӣ Раҳмонов хабар дод, ба ҳайати гурӯҳ ороишгарону меъморон ва гулпарварон шомиланд.

Лоиҳаи зебу орои манзаравии шаҳри Душанбе бо гулҳо шахсан аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ тасдиқ мешавад.

Аз посух ба савол дар бораи чӣ миқдор маблағ сарф шудан аз буҷети шаҳр барои зебу орои пойтахт бо гулҳо Шералӣ Раҳмонов худдорӣ варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.