АНОНС

- Дар Суди олии Тоҷикистон, Агентии “Тоҷикстандарт”, Маркази миллии қонунгузорӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА -  9.6935 сомонӣ;

1 евро – 10.7152 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ - 0.1515 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.

1918 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тоҷихон Султонова.

1921 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Оиша Абдулазизова.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисод, собиқ нахуствазири Тоҷикистон Ҷамшед Каримов.

1943 – Мавлуди олим Абдусами Солиев.

1944 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Шодӣ Саттор.

1949 – Мавлуди коргардон, Арбоби шоистаи фарҳанг Баҳриддин Сайфиддинов.

1952 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос, арбоби давлатӣ, вакил Убайдулло Давлатов.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд —   Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар вилояти Хатлон —  Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 4-9° хунук то 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 28-33 хунук (дар мавзеи Булункӯл то 48-50° хунук), рӯзона 11-16° хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 22-24° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3-8 хунук то 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —  Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо барфи суст меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 10-12° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.