Нашри марҳила ба марҳилаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.
Дар ин бора имрӯз, 6-уми феврал амри сарвари давлат имзо шудааст.
Аз ин санад бармеояд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ, китоби мазкур мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила аз номи раисҷумҳур туҳфа карда мешавад.
Дар ин робита Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ вазифадор шудааст, ки якҷо бо Вазорати молия, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқарраршуда ҷиҳати иҷрои амри мазкур чораҷӯӣ намояд.
Қаҳрамони тоҷикон
Бахши тоҷикии ASIA-Plus дар охири соли 2019 ба муносибати зодрӯзи таърихнигори бузург, арбоби сиёсиву давлатӣ, қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров лонгриди чандрасонаӣ нашр карда буд.
Номи ӯ ва ҳукуматаш аслан бо ришваю фасод олуда нашуд. Чеҳраҳои дурахшони сиёсат ва илму адаб аз ҳамнишинону мушовирони беминнати ӯ будаанд. Чун аз марзи Иттиҳоди Шӯравӣ берун мешуд, тоқии тоҷикиро ба сар мегузошт ва дар авҷи сиёсати миллизудоӣ ба решаву асолати худ меболид.
Бобоҷон Ғафуров 31-уми декабри соли 1908 дар деҳаи Исфизори музофоти Хуҷанд дида бар ҷаҳон кушодааст.
Тафсилоти бештар дар ин матлаби доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон – asiaplustj.tilda.ws
Қаҳрамони тоҷикон – Бобоҷон Ғафуров
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста