То 20-уми феврал дар саросари Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар буда, баъзе рӯзҳо боришот бошиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад.

“Рӯзҳои 11 ва 13 феврал боришоти шиддатнок пешбинӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо шояд дар баъзе ноҳияҳо борон ба барфи тар мубаддал гардад. Рӯзи 13-уми феврал ҳарорат 6-8 дараҷа поин меравад. Ин рӯзҳо дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ боридани барф дар назар аст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази матбуоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Рӯзи чоршанбе ҳавошиносон дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бидуни боришоти назаррасро пешгӯйӣ мекунанд.

“Рӯзи 12-уми феврал дар саросари кишвар ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ болоравии ҳарорат то 17 дараҷа, вилояти Суғд – то 15 дараҷа, Хатлон – то 20 дараҷа пешбинӣ мешавад”, - қайд кард Байдуллоева.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Gismeteo, аз 10 то 13-ум ва рӯзҳои 15-16 феврал дар Душанбе боридани барфу борон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабр дар Тоҷикистон хеле гарм омад. Барфи аввал дар ҷумҳурӣ рӯзи 22-юми ноябр борид. Аз ҳамон замон дар кишвар дигар боришоти назаррас ба мушоҳида нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.