Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Бозёфт-2019”-ро табрику таҳният гуфт. Туҳфаҳои оператори нахустини имкониятҳои нави рақамиро хонандагони синфи 11-и литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд. Хонандагон инчунин дар озмуни авроосиёӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.

Раҳимҷон Ҳакимов дар озмун лоиҳаи “Гармхонаи доно”-ро, ки муддати зиёд аз болои он ҳамроҳи рафиқони ҳамсоли худ Абдушариф Абдурафиқӣ ва Муҳаммадаюбҷон Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Очиров кор мекард, муаррифӣ намуд. МегаФон Тоҷикистон иштирокчиёни боистеъдодро пас аз хатми омӯзиш ба кор даъват карда, дар баробари ин, ба онҳо рақамҳои қиматнокро бо тарофаи пайвасти “Биё! Фаъол бош” ҳадя намуд. Тӯли як соли пурра ғолибони озмун ба шарофати интернети баландсуръати ҳадяшудаи мобилӣ ба сомонаҳои омӯзишӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.

“Ман аз роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои дастгирии хонандагони боистеъдод хеле миннатдорам. Ӯ барои табрик намудани онҳо бевосита ба синфхона даромада, ин амалро дар назди ҳамаи ҳамсинфон анҷом дод. Ваҷду хурсандии онҳо интиҳо надошт! Мо ба дастовардҳои хонандагонамон ифтихор дорем ва минбаъд низ муваффақияташонро ҳамроҳӣ менамоем”, - изҳор дошт директори литсейи физикӣ-математикӣ Моҳира Азимова.  

“Чунин хонандагон – ояндаи давлатӣ мо мебошанд. Хеле муҳим он аст, ки донишдӯстӣ, фаъолнокӣ ва нерӯи беандозаи онҳо бо мурури замон коҳиш наёбанд. Ин сифатҳо ба онҳо дар илм, сиёсат ва тиҷорат кӯмак хоҳанд кард. Барои дастгирии иштирокчиён, майлу рағбати онҳо ба инкишофу такмили қобилиятҳо мо ба онҳо пешниҳод кардем, ки пас аз хатми мактаби олӣ фаъолияти кории худро дар ширкати МегаФон ба роҳ монанд. Мутмаинам, ки бо ин ҳадаф онҳо мутахассисони корозмуда хоҳанд шуд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер Наимов. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.