Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилиро таҳия кард, ки дар парлумони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ин Кодекс қонунҳои қаблан қабулшудаи Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фарогири фаъолияти нақлиёти автомобилиро иваз мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод.

Лоиҳаи Кодекс аз ҷониби ҳукумат бо тавсияҳои Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  омода шудааст.

Кодекс мутобиқати меъёрҳои қонунгузории миллиро бо меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда таъмин мекунад.

Зимни омодакунии Кодекс таҳиягарони он таҷрибаи кишварҳои рушдёфтаро дар соҳаи истифодаи пурсамари нақлиёти автомобилӣ ба инобат гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.