Дар Тоҷикистон эҳёи боз як ҷашни қадимии мардуми ориёнажод “Тиргон” – Иди борон, ки ҳанӯз то замони пайдоиши Ислом таҷлил мешуд, дар назар аст.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотии рӯзи 10-уми феврал дар ин робита изҳор дошт, ки Тиргон замони тамаддуни ориёӣ ба таври густарда ҷашн гирифта мешуд.

“Тибқи маълумоти мавҷудаи таърихӣ ва ҳисобу китоби олимону коршиносони тоҷик, вақти ҷашни Тиргон ба фасли тобистон рост меояд”, - гуфт олими тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин вақт деҳқонон аз норасоии об барои обдиҳии заминҳои кишт танқисӣ кашида, ҳамроҳ дар як ҷо аз табиат дархост мекардаанд, ки ба замин борон диҳад.

“Дар таърихи мардуми ориёнажод идҳои зиёде буданд ва қариб ҳар ду моҳ, вақте ки мавсимҳо иваз мешуданд, онҳо идеро ҷашн мегирифтанд. Ҷашни Тиргон бо ҷашнҳои дар замони истиқлолият эҳёшудаи Сада ва Меҳргон дар як саф қарор хоҳад гирифт”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Чанде пеш зимни суханронии худ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ин ҷашнро ёдрас карда буд.

“Мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд. Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”, - изҳор дошт ӯ зимни суханронӣ моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе зимни Симпозиуми байнулмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.