Кодекси об қонунҳои қаблан дар Тоҷикистон қабулшударо лар соҳаи об ва истифодаи он муттаҳид мекунад. Лоиҳаи кодекс аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар дод, лоиҳаи кодекс айни замон дар парламент баррасӣ мешавад.

Кодекси мазкур қонунҳои пеш аз ин дар Тоҷикистон қабулшуда дар соҳаи обу истифодаи он ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳуриро дар бахши фаъолияти истифодабарандагони об иваз мекунад.

Кодекс мутобиқати меъёрҳои қонунгузории миллиро бо меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда таъмин мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.