Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба таври шоиста ҷашн гирифтани иди Рӯзи модар қарор ба имзо расонид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, ба ин муносибат рӯзи 8 март дар бинои “Душанбе Плаза” вохӯрии занони пойтахт - собиқадорони ҷангу меҳнат бо насли нави бонувони шаҳр доир гардида, дар фарҷоми он консерти идона баргузор мешавад.

Бо дастури раиси пойтахт пеш аз ид гурӯҳи кории шаҳрдорӣ ба аёдати занони собиқадори ҷангу меҳнат, ки дар рушди шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоштаанд, занони яккаву танҳо ва пиронсол рафта, аз номи раиси шаҳр ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекунад.

Ғайр аз ин, ба ифтихори ҷашн дастур дода шудааст, ки бо иштироки дастаҳои занонаи вазорату идораҳо мусобиқаи волейбол гузаронда шавад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Дар пойтахт то рӯзи 8 март таҳти унвони “Зан - оинаи ҳаёт”, “Зан - олиҳаи илму дониш” ва ғайра чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.