АНОНС

- Дар Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, ҳамчунин шаҳрдории Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

- Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Даммам бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозиҳои санҷишӣ мегузаронад.

- Дар Тошканд Чемпионати 6-уми ҳамраъйӣ оид ба вазнбардорӣ ба итмом мерасад, ки ба низоми давраҳои интихобии Бозиҳои олимпии соли 2020 дохил мешавад. Дар он дастаи Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6945 сомонӣ;

1 евро – 10.5777 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1516 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1958 — Чархболи нахустин (МИ-1) ба Сталинобод оварда шуд.

1990 — Дар Душанбе бинобар сабаби гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, ки ба талафоти ҷонӣ боис шуданд, вақти комендантӣ ва ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд.


2011 — ҶСП «ТТ-мобайл» бори нахуст дар Тоҷикистон технологияи 4G-ро дар реҷаи санҷишӣ ба кор даровард.

2017 — Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия Консулгариҳои генералии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд.

1919 — Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бахтулҷамол Карамхудоев.

1927 — Мавлуди нависанда ва арбоби давлатӣ Холмурод Шарифов.

1931 — Зодрӯзи арбоби давлатӣ, вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1973-1982)  Муҳиддин Зоҳиров.

1938 — Мавлуди доктори улуми тиббӣ Ҳамдам Рофиев.

1971 — Зодрӯзи оҳангсоз, сароянда Парвиз Пӯлодӣ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи байнулмилалии илм ва гуманизм ё Рӯзи Дарвин ҷашн гирифта мешавад, ки ба зодрӯзи олими маъруфи англис Чарлз Дарвин бахшида шудааст.


Рӯзи байнулмилалии Агентиҳои ақди никоҳ. Ин ҷашни касбӣ моҳи декабри соли 2010 дар Украина ба қайд гирифта шуд. Аввалин идораи ақди никоҳи “Дафтари вохӯриҳо ва суроғаҳо” 29 сентябри соли 1650 дар Лондон боз шуд.


Зодрӯзи Авраам Линколн – президенти 16-уми ИМА. Симои ӯро метавон дар долларҳо дида, як ширкати автомобилӣ низ номи ӯро дорад.


Дар ин рӯзи соли 1864 Боғи ҳайвоноти шаҳри Маскав ба фаъолият оғоз кард. Майдони ин боғ 21,5 гектарро фаро мегирад.


ОБУҲАВО

Рӯзҳои 12-13 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, боришот (борон, барф), рӯзи 13 феврал дар баъзе ноҳияҳо бошиддат  (13 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи НТМ ва ноҳияҳои доманакӯҳи вилоятҳои Хатлон ва Суғд пуршиддат) ба амал меояд.

Рӯзи 12 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи НТМ ва ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон бавуҷудоии  раъду барқ пешгӯйӣ мешавад.

Рӯзҳои 12-13 феврал дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон фаромадани сел дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, роҳҳои нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва ноҳияҳои баландкӯҳи вилояти Хатлон (мавзеъҳои Сарихосор, Обимазор, Шуғнов) фаромадани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф), ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 6+11° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон,барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16 хунук, рӯзона 2-7° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 13-15° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/смевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 8+10° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон,барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.