Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштро оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус барои шаҳрвандон нашр ва ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим кардааст.

Тибқи иттилои вазорат, ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи бештар огоҳонидани аҳолӣ оид ба ин беморӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ ба он мебошад.

Акс аз торнамои moh.tj

Қобили зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байнулмилалии Тоҷикистон пурзӯр карда, дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият дорад.

Айни замон беш аз 900 нафар шаҳрванди аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридшуда дар беморхонаҳои сироятии кишвар таҳти назорати табибон қарор доранд. То кунун дар миёни онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 

Тибқи маълумоти ахир, шумораи фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҳазор гузашта, ҳамзамон, теъдоди сироятшудагон беш аз 42 ҳазор нафар аст.

Акс аз аз торнамои moh.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.