Соли гузашта дар Тоҷикистон шумори азҳампошии оилаҳо афзуда, қайди ақди никоҳ кам шудааст.

Сарвари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба рӯзноманигнорон иттилоъ дод, ки  дар муқоиса бо соли пешин шумори ақди никоҳ 4% кам шудааст: соли 2019 мақомоти САҲШ 79,2 ҳазор ақди никоҳи шаҳрвандонро сабт кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои шаҳри Душанбе, ки дар он 3,5% афзоиши сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, дигар дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон баръакси ин ҳолат мушоҳида мешавад.

Дар соли 2019 нисбат ба соли пешин теъдоди бекор шудани ақди никоҳ дар Тоҷикистон 13,7% зиёд шуда, 12,5 ҳазор оила ҷудо шудаанд. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар ВМКБ ба мушоҳида расида, дар ин ҷо 216 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки 38,5% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2018 мебошад.

Дар зинаи дуюм аз рӯйи ин нишондиҳанда шаҳри Душанбе қарор дорад, ки 2,3 ҳазор оила ақди никоҳашонро бекор кардаанд ва ин нишондиҳанда 30% бештар нисбат ба соли 2018 мебошад.

Тавре Ҳасанзода қайд кард, соли 2019 ба 1 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ 158 ҳолати бекор шудани он рост меояд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 133 ҳолат баробар буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.