АНОНС

- Дар Вазорати молия, Агентии омор ва Маркази миллии тестӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

- Дар Даммам (Арабистони Саудӣ) мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Кувайт бозии рафиқона мегузаронад.

ФФТ

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6945 сомонӣ;

1 евро – 10.5796 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1532 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Президенти Туркманистон Г.Бердимуҳаммедов дар бораи кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 ҳазор доллар дастур ба имзо расонид.

2013 — Мақомоти марбута ба нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон ширкати нави хусусии ҳавопаймоии «Asian Express Airlines»-ро ба қайд гирифтанд.

1929 — Зодрӯзи академик Ислом Абдусаломов.

1948 — Мавлуди арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ.

1952 — Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дилбар Валаматзода.

1959 — Зодрӯзи иқтисодчӣ Ҳамидуллохон Фақеров.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи байнулмилалии радио. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1946 “Радиои СММ” ба пахши барномаҳо шурӯъ кард.

Кормандони радиои “Азия-Плюс”-ро бо иди касбиашон табрику таҳният мегӯем! Бори нахуст 9-уми сентябри соли 2002 радиои “Азия-Плюс” рӯйи мавҷи 107FM ба пахши барномаҳо оғоз кард.


Ин рӯзи 125 сол пешро метавон оғози кинои ҷаҳонӣ номид: бародарон Люмерҳо ба аввалин дастгоҳи сабти тасвири ҳаракаткунанда – кинокамера патент гирифтанд.

Бародарон Люмерҳо
Викимедиа

86 сол пеш дар баҳри Чукотка яхпораҳои бузург киштии “Челюскин”-ро хароб карда, он ғарқ шуд.

GoArctic.ru

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф), шабона ва саҳар дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок дар ғарби вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар шарқи вилоят барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борон, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, борон, боришот (шабона борон, барфи тар, рӯзона борон), шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.