Тоҷикистон субҳи 11-уми феврал 46 нафар шаҳрвандони худро аз шаҳри Ухан ба Ватан интиқол дод. Ҳамзамон 3 тоҷикистонӣ аз бозгашт худдорӣ карда, ба 7 нафари дигар бинобар таби баланд доштан, сафар ба Тоҷикистон манъ шуд. Яке аз донишҷӯёни тоҷики дар Ухан боқимонда аз зиндагӣ дар шаҳри карантин ҷоришуда, таҳсил ва нақшаҳои ояндааш ба хадамоти русии нашрияи «Жэньминь жибао» нақл кардааст.

Бахтиёр Шукурзодаи 23-сола донишҷӯйи соли дуюми аспирантура оид ба молия дар Донишгоҳи Хубэй буда, аллакай панҷ сол инҷониб дар Чин таҳсил мекунад.

Ӯ ба хотир меорад, ки моҳи декабри соли 2019 бори нахуст дар бораи бемории илтиҳоби роҳҳои нафас маълумот пайдо кард. Аввал вирус паҳн намешуд, аз ин рӯ, ба ин беморӣ таваҷҷуҳе надошт. Сипас хеле босуръат шумори ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба ин беморӣ афзуда, қурбониёни он ҳам ба қайд гирифта шуданд ва ӯ ба ташвиш омад.

Баъдан сатҳи пешгирӣ ва назорати хуруҷи коронавирус дар Ухан баландтар шуда, нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аз кор монд.

Барои таъмини бехатарии донишҷӯён Донишгоҳ ба идоракунии пӯшида гузашта, оғози давраи таҳсили навро мавқуф гузошт ва дарсҳо тариқи онлайн пешниҳод шуданд. Барои сабук сохтани мушкилоти зиндагӣ донишгоҳ барои муҳассилини боқимонда супермаркети махсус ташкил кард.

Бахтиёр мегӯяд, акнун ӯ тамоми рӯз дар хобгоҳ ба китобхонӣ машғул буда, хеле кам ба кӯча мебарояд. Тамоми дунё барои ӯ акнун ҷойи хоб, ошхона ва балкон аст.

“Ташвиши волидонам аз ман хеле зиёд буда, доимо боисрор хоҳиш мекунанд, ки ба кӯча набароям. Ман онҳоро ором карда, мегӯям, ки ҳамаи қоидаҳоро риоя карда истодаам. Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Чин низ доимо бо мо дар тамос буда, донишҷӯёнро рӯҳбаланд мекунанд”, - ҳикоят кардааст Бахтиёр.

Дар робита ба афзоиши тадбирҳои бехатарӣ ва назорати паҳншавии эпидемия дар Ухан донишҷӯйи тоҷик муҳиммияти онҳоро ба хубӣ дарк намуда, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

“Ин кори хеле пурмасъул аст, вагарна назорати паҳншавии сироят хеле душвор мешавад. Умедворам, ки ҳама ин қоидаҳоро риоя карда, ҳарчи камтар ба кӯча мебароянд. Танҳо бо ҳамин воситаҳо мо пеши роҳи паҳншавии вирусро гирифта метавонем. Ин натанҳо барои бехатарии худи мо, балки бехатарии тамоми ҷомеа зарур аст”, - гуфтааст ӯ.

Бахтиёр ба пирӯзии Чин дар мубориза бо хуруҷи коронавирус бовари зиёд дорад.

“Ба корозмудагии мутахассисони Чин дар мубориза бо эпидемия бовар дорам, лекин барои ин  вақт лозим аст. Барои пешгирӣ ва назорати чунин вирус барои ҳама гуна кишвари дунё вақту нерӯ лозим аст”, - гуфтааст вай.

Мисли ҳамаи чиниҳо Бахтиёр ҳам ба вазъи бехатарии ҳайати кормандони тиббӣ, ки дар сафи пеши муборизаанд, ғамхорӣ зоҳир мекунад:

“Дар ВАО иттилоъ медиҳанд, ки чанде аз табибон аз вирус фавтида, солимии бархе ба шиддатнокии кор тоб намеорад. Ба онҳо гуфтаниям: “Барои шумо осон нест! Бовар дорам, ки талошу заҳмати шумо ба пирӯзӣ мерасонад”.

“Мутмаинам, ки Чин ба наздикӣ вирусро мағлуб мекунад. Аз ҳама бештар мехостам, ки вақте эпидемия ба охир мерасад, ба кӯча баромада, сайругашт кунам”, - изҳор доштааст донишҷӯ аз Тоҷикистон.

Дар Чин то субҳи 13-уми феврал 14840 ҳодисаи нави сироят ба коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шабонарӯзи гузашта аз сирояти коронавирус 242 нафар фавтида, шумори умумии фавтидагон дар Чин ба беш аз 1,3 ҳазор нафар расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.