Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” интихоби хабарнигорони мардумиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон эълон мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳимаш хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфти рӯйдодҳои шавқовар аст.

Барои хабарнигори мардумӣ шудан ва ба ҳайати мо шомил гардидан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед.

Зимнан:

- доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо ҳатмӣ нест

- барои мо фарқ надорад, ки шумо дипломи рӯзноманигор доред ё на

- тамоман муҳим нест, ки шумо аз пойтахт ё аз гӯшаи дурдасти Тоҷикистонед

- мо ба синни шумо аҳаммият намедиҳем

Муҳим:

- хоҳиши кор доштани шумо

- тавони иҷрои саривақтии супориш

- қобилияти омӯзиш

- маҳорати дарёфти мавзӯъи шавқовар дар он ҷойе, ки дигарон пай намебаранд

Дигарашро мо худамон ба шумо меомӯзонем: чӣ гуна навиштани маводи шавқовар ба забонҳои тоҷикиву русӣ, наворбардории гузоришҳои зебои видеоӣ ва омода кардани суратгузоришҳои ҷолиб. Ҳаққи заҳмати шумо, бешубҳа, пардохт мешавад.

Хабарнигорони мардумӣ дар асоси озмун интихоб мешаванд.

Бесаброна мунтазири шумоем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.