Дар маросими ифтитоҳи масҷиди нав дар Душанбе, ки рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ дар назар аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, гурӯҳи корӣ оид ба омодакунии маросими ба истифода додани масҷид, ки ба ҳайати он намояндагони ҳукумат, ходимони дин ва олимон шомиланд, ба раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ин масҷид “Хуросон” номгузорӣ шавад.

Бо кадом асос пешниҳод шудани чунин номро манбаъ шарҳ надод.

“Ин танҳо як пешниҳод буда, қарори ниҳоиро дар бораи номгузории масҷид президент қабул мекунад”, - таъкид дошт ӯ.

Маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ташрифи “меҳмони воломақом” – амири Қатар мавқуф гузошта шуд.

Нахуст ифтитоҳи он охири моҳи сентябр ё аввали моҳи октябри соли гузашта пешбинӣ гардида буд. Ҳамон замон маълумот пайдо шуд, ки амири Қатар аз ҳукуматдорони тоҷик дархост кардааст, ба ӯ барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид ва адои намоз дар он бо диндорони тоҷик имкон дода шавад.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.