Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон шаҳрвандони дар паноҳгоҳҳои Сурия боқимондаи кишварро ба Ватан баргардониданист ва айни замон дар ин бора гуфтушунид ҷараён дорад.

“Мувофиқи маълумоти мо, дар паноҳгоҳҳои Сурия наздики 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, дар Сурия 212 нафар занону кӯдакон ҳастанд, ки омодаанд ба Ватан баргарданд. Барои муайян кардани шумори воқеии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия ҳамаҷониба тадбирҳо андешида шуда, гуфтушунид гузаронида мешавад”, - иброз дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ӯ қайд кард, ки бо ҳукумати Сурия, намояндагони нерӯҳои демократии ин кишвар, ки паноҳгоҳҳои ҷангиён ва ҳаммаслакони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) зери назорати онҳо мебошанд, музокирот давом дорад.

“Сафири мо дар Кувайт, ҳамзамон сафир дар Сурия аз номи ҳукумат бо ҷониби Сурия гуфтушунид мекунад. Мо дар ин самт бо Хазанаи кӯдакони СММ ва Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ҳамкорӣ дорем. Онҳо ба кумак дар бозовардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан изҳори омодагӣ карданд”, - гуфт ӯ.

Ӯ ба суол дар бораи ифтитоҳи намояндагии дипломатии муваққатии Тоҷикистон дар Сурия посух дод, ки ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Бо вуҷуди ин, тавре ман пештар гуфтам, намояндагони сафорат дар Кувайт ба Сурия рафта, ба бозгашти шаҳрвандони мо мусоидат мекунанд. Мо дар ин хусус аз раҳбарияти олии кишвар вазифа гирифтем ва онро ҳатман иҷро мекунем”, - хабар дод вазир.

Ёдрас мекунем, ки 30-юми апрели соли гузашта 84 нафар фарзандони занони тоҷик, ки ҳамсаронашон дар ҳайати гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” меҷангиданд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе оварда шуданд. Чанде аз онҳоро замоне волидонашон ба Ироқ бурда, бархе дар ҳамон ҷо таваллуд шудаанд. Падарони аксари онҳо кушта ва модаронашон барои ҳамкорӣ бо террористон зиндонӣ шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар аввал изҳор дошт, ки ин кӯдакон ба хешону пайвандонашон дода мешаванд, аммо баъдан онҳо ба мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон тақсим карда шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, 44 нафар кӯдакони синни аз 1 то 5-сола ба хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, 33 нафар – ба интернату хонаҳои кӯдакон ва 2 духтари ноболиғ бо тифлҳои ширмакашон – ба муассисаҳои маълумоти касбӣ-техникии Вазорати меҳнат фиристода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.