Маблағи пардохт барои фаъолияти соҳибкорӣ бар асоси патент дар Тоҷикистон ба андозаи 8% зиёд мешавад. Дар ин бора дар фармоиши муштараки Вазорати молия ва Кумитаи андоз «Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент», ки охири моҳи январи соли равон қабул шудааст, маълумот дода мешавад.

Дар фармоиш гуфта мешавад, андозаи пардохт ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ тибқи патент (андози даромад ва андози иҷтимоӣ) дар соли 2020 бо назардошти сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаи соли 2019 дар ҳаҷми 8,0%  индексатсия карда шавад.

Фармоиш ба Вазорати адлия фиристода шудааст. Пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмии он, андозаҳои нави патент мавриди амал қарор мегиранд.

Маъмулан, ҷараёни мувофиқасозӣ ва бақайдгирии фармоиш ҳамасола то охири моҳи март идома ёфта, аз 1-уми апрел санад ҳукми қонунӣ мегирад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 Вазорати молия ва Кумитаи андоз ваколдатдор шуда буданд, ки ҳамасола бо назардошти сатҳи таваррум дар соли гузашта, ҳаҷми меъёри патентро индексатсия ва муқаррар намоянд.

Маблағи пардохти патент дар ҷумҳурӣ бори охир соли гузашта индексатсия шуда, андозаи он 5,4% боло рафта буд.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 50 навъи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ бар асоси патент амалӣ мешавад.

Номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ мешаванд (арзиши патент бо назардошти болоравии минбаъда зикр шудааст):

1/4

Кӣ чӣ қадар маблағ мепардозад?

Андозаи аз ҳама баланди пардохт барои патент ба соҳибкорони инфиродии машғули кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш зиёда аз 20 тонна муқаррар шудааст, ки 800 сомонӣ (ба ивази 741 сомонии соли гузашта) дар як моҳро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин патент барои сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо нисбатан баланд шуда, аз 667 сомонии соли гузашта то ба 720 сомонӣ дар як моҳ расидааст.

Акнун барои навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо ҳар моҳ 159 сомонӣ (пештар – 147 сомонӣ), барои истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо – 240 сомонӣ (қаблан – 222 сомонӣ), банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ –120 сомонӣ (қаблан – 111 сомонӣ) пардохтан лозим меояд.

Андозаи маблағи пардохти моҳона барои фурӯши гулҳои тару тоза 320 сомонӣ (ба ивази 296 сомонии ҳозира), барои ҳоҷатхонаи ҷамъиятии пулакӣ – 241 сомонӣ (қаблан – 223 сомонӣ) ва фаъолияти масҳгарӣ дар хона – 80 сомонӣ (қаблан – 74 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.