Зинаи аввалро дар озмуни “Озмуни дастархонороӣ” дар шаҳри Душанбе, ки ҳамасола бо дастури сарвари давлат гузаронида мешавад, ноҳияи Сино ишғол кард.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, зинаҳои дуюму сеюмро ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур касб карданд.

Тавре дар маълумот қайд мешавад, ҳайати ҳакамони озмун ба сарфакорона ва оқилона оростани дастархон, рӯйи он мавҷуд будани таъомҳои миллӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардааст.

Ғолиби озмун 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифта, ба иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ, ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар пойтахт доир мешавад, ҳуқуқ пайдо кард. Гирандагони ҷойҳои дуюм ва сеюми озмун мутаносибан бо 3 ва 1 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки охири соли 2018 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамасола баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ дар Тоҷикистон амр ба имзо расонид.

Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ кардани он, баланд бардоштани маданияти дастархонороӣ унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.