Имрӯз овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиев бо фармони вазири фарҳанг аз роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барканор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷойи ӯ Кароматулло Раҳимзода сарвари Филармония таъин гардид. Номбурда қаблан директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд.

“Афзалшоҳ Шодиев аз соли 1985 дар Филармония фаъолият карда, соли 2014 ба вазифаи роҳбарӣ таъин гардид. Тағйироти кадрии имрӯза дар асоси ротатсия сурат пазируфт. Дар мавриди ба кори дигар гузаштани ӯ то ҳол маълумот нест”, - илова кард манбаъ.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев яке аз овозхонҳои номдори кишвар буда, бо сурудҳои “Ҷавонӣ рафт”, “Дили модар”, “Самарқанду Бухоро” ва дигар офаридаҳои худ миёни тоҷикони бурунмарзӣ низ маҳбубияти хос дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.