Соҳибкор ва ғолиби барномаи телевизионии “Муҳорибаи экстрасенсҳо” Турсуной Зокирова дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд осоишгоҳ бо 250 ҷой месозад.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншоот шинос шуда, ба масъулини соҳа ва сохтмончиён дастур дод, ки корҳои сохтмониро дар асоси меъёрҳои байнeлмилалӣ анҷом диҳанд.

Гуфта мешавад, айни замон ба иҷрои корҳои сохтмон дар иншооти мазкур 60 нафар бинокорон машғуланд.

Осоишгоҳ дар соҳили Баҳри тоҷик (обанбори Қайроққум) қомат афрохта, майдони 2,6 гектарро фаро мегирад.

Ёдрас мекунем, Турсуной Зокирова соли 2019 роҳи кӯчаеро дар зодгоҳаш – шаҳри Гулистон мумфарш ва таъмиру навсозӣ кард. Майдони умумии корҳои таъмиру навсозӣ 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод.

Моҳи марти соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ки ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шуд.

Бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво буда, соҳибкорзан иттилоъ дод, ки 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.